Чашмони ту мисли теғ бошад,
Яке ту нигаҳ кунӣ ба сӯям,
Киву аз куҷо будам фаромӯш,
Яке каҷ нигаҳ кунӣ ба рӯям,
Дили ман шавад ба ғам ҳамоғӯш.
Зи ду теғи сарди чашмат
Ман, ки нерӯям дучанд аст,
Шиканам филизу пӯлод.
Ба тавони каллаам ман
Ба қарибӣ кушта гови нарро,
Вале оҷизам аз он ки,
Натавонамат биёрам,
Чу фиғону доду фарёд.
Ту яке ба ёд овар,
Ту ҳамеша велгардӣ.
Ҳама рӯз аз паят ман
То ба кай гурезпоӣ?
То ба кай зи ман чароӣ?
Ба дучархаи харидам,
Ба утумубиле задам ман.
Туи бемористони Склифос,
Бемори бистарӣ шудам ман.
Вале ту аёдатам накардӣ.
Пири мӯсафеди ҷарроҳ,
Баданам шикасту банд кард.
Ҳама шаш шаборӯз табам сӯхт,
То замон наркоз маро фанд кард.
Вале хотирам ҳамин зад:
Ба кӣ ҷони худ бидодам.
Ту мазан зи шодӣ қарсак,
Чу ту мисли мор ҳастӣ.
Ба қарибӣ ман сиҳатманд,
Шавам озод зи бистар,
Ки қасоси худ бигирам,
Бикунам ба риштароши тезам,
Сари ту кунам кал
|