Ман ҷони ҷамоате будам чун,
Сармаст ҷавони пурошӯбе,
З-ин ному фамили ман ба хубӣ,
Дониста буданд дар КГБ(е).
Ошиқ ҳама кӯчаву хиёбон,
Бар ман ҳама аҳли кӯчу вакзал,
З-ин ҳол ҳавой мегирифтам,
Бехавф, ҳаме чу шери ҷангал
Ман шахси худӣ ҳама ҷой,
Дар маҳфили хосу ому омӣ.
З-ин ҳоли манат пулис - Токарюф,
Шабҳо набуда хобаш тамомӣ.
Дар умр ғурур доштам ман,
Дар зиндагӣ кори ман буда саҳл,
Номард, маро фурӯхт ҳайфо,
Ин умри маро бисӯхт ноаҳл
Сардори пулис ҳабси ман кард,
Пурсиш намуд чанд гоҳе.
Ҳар бор ба пурсишаш ба посух,
Шерона ҷавоб кардам оҳе.
Гуфтам: «қурбон фидои номат,
Бо туст маро кор ҳеҷ кор.
Ҳафт пушти туро дидаам ман
Дар санги мазору тобути хор.
Ин буд, ки ба парвандаи ман шуд,
Зам гашт гуноҳ, ҳукм содир.
Ҳам додситони ин вилоят,
Панҷ сол намуд, ҳукми тақдир
Чун додрасам зи рӯйи виждон,
Бо сад талош намуд азмам.
Чун додситон қасос бигрифт,
Тағйир накард ҳукми ҳабсам.
З-он рӯз бимурд мурғи илҳом.
Байтулҳазанам, ки ҳон надорад
Ман ҷони ҷамоате шавам ки ӯ чун?
Ҷондору валек ҷон надорад.
|