Занону шӯхиҳоро дӯст дорам,
Ва ҳар рӯз як нигоре дар барам буд.
Аз ин сад достони ишқварзӣ,
Занонро гарм сӯҳбат аз сарам буд.
Ва рӯзе соҳили баҳре бидидам,
Гулафшондухтаре, на, барқворе.
Зи садҳо қиссаам ин ҳам яке буд,
Ки фаттону дилангезе нигоре.
Аз ӯ буд чашми зебо, абрӯи каҷ,
Аз ӯ буд зеби дунё, зеби олӣ.
Аз ӯ буд пайкари зебову ҷозиб,
Ва аммо буд аз ман киса холӣ.
Барояш тӯҳфаву ангуштпона,
Зарур буд атри сохти диданокас.
Ба подоши чунин инъому ҷудам,
Зи ӯ як шаб ба ман хуфтан буду бас.
Ба ман гуфт: «Вася имшаб ба ту ман,
Бибахшам беҳтарини нақди умрам».
Бигуфтам» «Сад дирам, бидҳам ту розӣ?
Агар бисёр бошад, дӯстам ҳаст».
Яъне, панҷоҳ ман, панҷоҳ дӯстам,
Диҳему ишқварзият намоем.
Агар ту розӣ бошӣ, ҳоли алъон,
Ба ҷое рафтаву ҳамён кушоем.
Вале моҳе гузашту боз омад.
Ба пешам омаду сад ноз бинмуд.
Гумонам он баҳоям маъқулаш гашт.
Чунон оғӯши худро боз бинмуд.
Қаламдорон сад афсӯс менадонанд,
Зи деҳотиву нони ҳиссаеро.
Вагарна достон бинвишта ҷолиб,
Зи садҳо қиссаам як қиссаеро.
|