Чу бемор интизори марг бошад.
Яқин, ки ноилоҷ аст, дарди бемор.
Ба ин сон интизорат будаам ман.
Ҳама умр, эй нигори новафодор.
Мулоқоти нахустинам ба як бор,
Буридаам риштаҳои дӯстонат.
Хӯронидам, бипӯшондам тани ту,
Ҳамеша кам набошад, остонат.
Туро ман қатъ кардам риштаҳоят,
Ҳамон аз дӯстони гандаҳоят.
Задам ҳатто ду-се аз онҳоро,
Ки то пок бош ояндаҳоят.
Вале бадаҳд будӣ, бемурувват,
Зи роҳи бад накардӣ тавбаи соз.
Маро бадном кардӣ, бефутувват,
Даридӣ бевафо, ту пардаи роз.
Замоне ҳабс гаштам чун ҳамон сол,
Накардӣ интизорӣ, очавора.
Агар содиқ ба роҳам боқӣ мондӣ
Туро аз бахт медуздидам дубора.
Туро аз бахт дуздида ба ту ман.
Ситора аз Кремл ҳадя карда.
Ба поят умри худ бифшонда в-онгаҳ,
Ба зонуят чу ошиқ боз мурда.
Кунун ман тарс дорам аз мулоқот,
Зи бӯси шаҳватолудат, ҳаминам:
Чу таркиши дубора дар Хиросим
Японӣ тарс дорад, ман чунинам.
|