Чун пойи рафтан ҷойи дигар нест, аз ноилоҷӣ мо бозгардем
Бар шаҳрҳои пуршӯруғавғо, бар кӯчаҳои селоби мошин.
Лахти дили худ, лахти дили худ дар кӯҳсорон бигзошта боз
Аз қуллаҳои тахсиркарда оем пойин, оем пойин.
Ин баҳсҳои беҳуда - бас, бас!
Дар пеши худ манн исбот кардам:
Болотар аз куҳтанҳо бувад куҳ,
Ҷойе, ки онро нодида одам.
Хоҳад магар касс бо ғуссаву ғам андар балоҳо танҳо бимонад?
Хоҳад магар касс нашнида гирад дар синаи худ овози дилро?
Аммо ману ту аз қуллаҳои тасхиркарда оем пойин,
Зеро фароянд аз осмонҳо бар хокдонҳо гоҳе худоҳо.
Ин баҳсҳои беҳуда - бас, бас!
Дар пеши худ манн исбот кардам:
Болотар аз куҳ танҳо бувад куҳ,
Ҷойе, ки онро нодида одам.
Бедорсозанд ин кӯҳсорон дар мо навои бар пой мондан,
То сад умеду сад орзуро, то сад наворо эъҷоз гардем.
Мо лек оем ночор пойин, як сол бархе, бархе ҳама умр,
Зеро ҳамеша имрӯзу фардо бояд аз ин кӯҳ мо бозгардем.
Ин баҳсҳои беҳуда - бас, бас!
Дар пеши худ манн исбот кардам:
Болотар аз куҳ танҳо бувад куҳ,
Ҷойе, ки онро нодида одам.
|